Самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин дар шаҳри Турсунзода
Хоҷагидорони шаҳри Турсунзода имрӯзҳо бо истифода аз таҷрибаи бойи худ баробари ғановатмандии бозори истеъмолӣ, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши арзанда мегузоранд. Мутахасисон мегӯянд, деҳқонони ин шаҳр дар парвариши зироатҳо бо истифода аз усулҳои пешқадам, тавонистаанд, ҳосили баланди маҳсулот истеҳсол намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи сеюми январи соли ҷорӣ зимни сафари корияшон ба шаҳри Турсунзода ба таҷрибаи деҳқонони он дар самти зироаткорию боғдорӣ баҳои баланд доданд ва онро барои дигар хоҷагидорони мамлакат мояи омузиш арзёбӣ карданд. Саидчалол Саидзода- муовини президенти Академияи илмҳои кишварзии мамлакат мегуяд фаровонҳосилии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои шаҳр имрӯз худ гувоҳи он аст, ки дар баробари хоҷагидрон ҳар шахрванди он масъалаи оқилонаи истифода бурдани заминҳои корамро дуруст дарк менамоянд.
Ба гуфтаи Рисолат Зиёдулоева сокини деҳаи Сайдали Табарови шаҳри Турсунзода нисбат ба солҳои гузашта дида, имрӯз занони деҳот бештар маҳсулот аз ҷумла мурабо кансерва ва лубиёгиҳоро барои фасли зимистон захира намуда истодаанд. Ба таъкиди у занони деҳот дар баробари захиранамоӣ дар зироаткорӣ тачрибаи бой доранд.
Саидчалол Саидзода- муовини президенти Академияи илмҳои кишварзии мамлакат бар он назар аст, ки дар руёнидани ҳосили хуби боғоту зироат, истифодаи окилонаи об, агратехника ва неруҳои органикию менералӣ шарти муҳиму зарурӣ аст. Ба таъкиди ӯ дар шаҳри Турсунзода ин усул хамаҷониба риоя ва истифода мешавад.
Дар чамоатҳои деҳоти шаҳри Турсунзода аз ҷониби Кумитаи кор бо занони маҳал камисияҳои деҳот созмон ёфтааст, ки онҳо давоми соли ҷорӣ дар баробари риояи коидаҳои санитарӣ истифодаи заминҳои наздиҳавигиро аз ҷониби сокинони деҳот мавриди омузиш карор медиҳанд. Сокини деҳаи Сайдали Табарови Турсунзода Рисолат Зиёдулоева мегуяд, истифодаи бо самари заминҳои ёрирасон ва наздиҳавлигӣ ба ҳар оилаи ин шаҳр даромади иловагии иктисодӣ овардааст.
Дар ҳоле,ки дар пасманзари бемории сироятии марговари каронавирус иқтисоди ҷаҳон ба милиардҳо долари амрикоӣ хисорот дидаву, амнияти озукавории мамлакатҳо зери хатар қарор гирифтааст. Истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли имруз метавонад, дар пешоруи ин вабо баҳри ғановатмандии дастурхони ҳар хонадон, самараовар бошад. Бо назардошти муҳимияту нақши хоҷагии деҳот дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат хоҷагидрони шаҳри Турсунзода тасмим гирифтаанд бо истифода аз шароитҳои мухаёгардида ва таҷрибаи пешқадами худ дар ғановатмандии бозори истеъмоли нақши арзанда мегузоранд.
Муаллиф: Тоҷиддин Сатторзода