Ҷашни ҳамдиливу якмаромӣ муборак бошад
Шукри истиқлоли кишвар мекунем,
Шукри мулку шукри Сарвар мекунем.
Шукри он дорем, ки мо дорем Ватан,
Шукри фардои мунаввар мекунем.
Дар миёни ҷашну идҳои гуногуне, ки мо дар ҷумҳурии азизамон дорем, ҷашни Истиқлол мавқеи хоси худро дорад. Зеро таҷлили истиқлол моро ба андешидан ва азизу гиромӣ доштани мафҳумҳои баланде мебарад. Истилоҳи «Истиқлол» ба маънои озодӣ, мустақилияти як давлату як кишвару як миллатро ифода мекунад. Истиқлол иди асосӣ ва муҳимтарини мост. Имрўзҳо Тоҷикистони нозанин зеботарин зодрўзи эҳёи хеш – рўзи озодӣ, мустақилияту соҳибихтиёриашро таҷлил месозад.
Имрўз ҳамаи мо, хоса насли ҷавон, ки чун ояндасозони миллат мешиносанд,бояд дар ниҳоди хеш андешаи озодиву озодагиро бипарастем. То ба ҷовидон бузургтарин неъмати Худовандиро, ки ба унвони озодӣ ба мо додааст, ҳифз намоему арҷ гузорем. Ҳар касе андеша дорад, ки истиқлолият саҳлу осон ба даст омадааст, гумонаш ботил аст. Озодӣ ин ҳаққи мо буд ва то он рўзе, ки инсон зиндааст, аз ин лаззати дунёӣ бебаҳра буданро намехоҳад. Дигарон мубориза бурданд, то ба Истиқлол бирасанд, мо Истиқлол ёфтем ва ҳоло барои ҳифзи ин неъмати гаронбаҳо бояд талош бикунем ва дар зери партави Истиқлоли ҷавонони солиму созанда баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз саъю талош варзем.
Мо хушбахтарин ашхоси ҷомеа ҳастем, ки дар айёми соҳибистиқлолии кишвари азизамон умр ба сар мебарему аз меваҳои шаҳдбори истиқлол ком ширин месозем. Яъне ҳама дастоварду муваффақият, бурду комёбиҳои имрўзи мо дар партави соҳибистиқлолии Ватанамон сурат мегирад ва бояд мо- ҷавонон аз ин фахр дошта бошем:
Дар ҳақиқат, Истиқлол истилоҳи басо густурда ва фарогирест, ки кулли мафҳумҳои ватану ватандорӣ, худшиносӣ, ифтихори миллӣ, масъулиятшиносӣ, дастовардҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ин ё он халқияту мамлакатро дар худ ғунҷоиш додааст ва дар дунё бисёр халқиятҳое хастанд, ки бо вуҷуди муборизаи бисёрсолаи озодихоҳӣ, аз ин неъмати бебаҳои ҳаёт бебаҳра мондаанд.
Хушбахтона, таърихи 9-уми сентябри соли 1991 кишвари азизамон Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт ва тавонист дар байни дигар халқу миллатҳо худро ҳамчун як давлати мустақил муаррифӣ намояд.
Истиқлол имкон дод, ки ба арзишҳои фарҳангии сокинони Тоҷикистон арҷ гузорем. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, ба таври озод амал кардан ва ба дараҷот зиёд шудани номгўи васоити ахбори умум, густариши бесобикаи санъату ҳунари миллӣ низ аз дастовардҳои волои истиқлол ва гувоҳи самти дурусти фаъолияти қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.
Бузургону олимони зиёде аз хоки ин меҳани биҳиштосо ба дунё омада, барои ободии ин Ватан низ саҳм гирифтаанд. Гуфтаҳои бузургон барои Ватан – Модар воқеан ҳам нотакрору беҳамто мебошанд, онҳо дар васфи меҳани хеш садҳо достону қиссаҳо бахшидаанд. Ба ҷуз ин, боз садҳои дигар барои ободии ин диёри ҳамешабаҳор дар роҳи озодӣ аз дасти душманон ҷони хешро фидо кардаанд. То миллат, Ватан, забон ва фарҳангу маърифати аҷдодиашонро аз даст надиҳанд.
Фарзанде, ки дар оѓўши Ватани нозанин ба воя мерасад,бояд қадри онро донад, меҳри онро дар дилу дидааш ҷой диҳад, барои ободию гул – гулшукуфиаш саҳм гирад, пас ў худро пуштибони ин диёр муаррифӣ кунад, зеро Ватан- Модар фарзанди фарзонае меофарад, ки ба қадри ин ганҷинаи бебаҳо расида, барои пешрафту ояндаи он бетарафӣ накарда, ба хизматаш ҳамеша омода бошад.
Саодату ободии рўзгори мо аз ободию шукуфоии ин Ватан аст. Мо чун ғунчаҳои навруста дар оғўши гарми меҳан ба камол расидаем ва имрўз қодирем, то ҳар он умеде, ки халқи диёри нотакрор ва миллати соҳибихтиёр аз мо дорад, ба боварии комил сазовор шуда бошем.
Мо- ҷавонон фарзанди дилдодаи ин Ватанем, намехоҳем лаҳзае аз марзи ў дур бошем ва тоқати ғурбату беватании диёри ғайрро надорем .Сарфи назар аз он нобарорию бобарорие, ки насиб мегардад, шукргузорӣ мекунему бори гарону ғами дурии Ватанро намекашем.
Аз ободию зебогии Ватан лаззат бурда, бо кўҳҳои сарбаландаш худро сарбаланд ҳисобем. Бо офтобу моҳу ситораҳои тобноку халқи меҳнатқарину софдилу меҳмоннавозаш фахр кунем.
Бо ёдгориҳои таърихию фарҳангияш ифтихор намуда, онро азизу мўътабар донем. Аз ободияш биболему ифтихор кунем.
Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз гўшаҳои зебоманзаре аст, ки бо зебогии худ дили чандин сайёҳону меҳмонони хориҷиро тасхир намудааст. Ҳар кас, ки ба ин диёр қадам мениҳад, бо таассуроти баланд ва дили саршор аз меҳру муҳаббат бармегардад. Ин Ватан на танҳо сарзамини зебо дорад, балки мардуми меҳнатдўст ва тамаддуну фарҳанги ҷовидона дорад.
Барои ватандўсту мењанпараст будан бояд ҳар кас талош кунад, то дар домани гулфишони Ватан зиндагӣ намуда, ободиву зебогии диёри худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Дар хоки Ватан меҳнат кардану дуои модаронро гирифтан, яке аз шохаҳои ҷавонмардию меҳанпарастист .
Бояд мо меҳру муҳаббати Ватани азизамонро дар қалбзои худ бедор намуда, вуҷудамонро аз ишқи покаш лабрез карда, ҳама буду набудамонро барои пешравию зиндагии имрўзу фардои ин меҳани кўҳанбунёд бахшида, бо нерўи тозаю дониши баланд ва меҳнату садоқатмандӣ ба хизматаш омода бошем.
Ҳар ки Ватан- Модари худро дўст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад, амали ўро ба қатори корномаҳои Темурмалику Шерак , Деваштичу Восеъ медонанд. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони Модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Дар таърихи адабиёт адибони мо Ватанро ба ҳама бузургияш таърифу тавсиф намудаанд. Онро ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳо ва ганҷинаи арзанда ба ҳама муқаддасот номидаанд.
Муҳаббат ба Ватан асосан аз давраи кўдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад.. Ҳисси ватандўстӣ ин худ садоқат ба Ватан ва ба нафъи он хизмат кардан аст. Вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, бо корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобастааст. Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, Ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумори давлатҳои пешрафта ворид хоҳад шуд. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва шукуфоии олами ботинӣ ва тафаккури мо вобастааст.
Ҳамаи ҳамватанони азизро бо ин санаи фархунда самимона шодбош мегўем, ва таманнои онро дорем, ки ҳар нафар ба қадри неъмати бебаҳо- Истиқлоли кишвари азизаш бирасад,онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва дар гул – гулшукуфии Ватани соҳибистиқлол – Тоҷикистони ҳамешабаҳор саҳмгузор бошад.
Сармуҳаррири шабакаи “Садои Душанбе”: Фирӯз Каримзода