Дар Душанбе ҷаласаи кории назди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермаҳмад, Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир намуд. Зимни баргузории ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо санҷиши муроҷиати хешовандони духтари сесолаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, боиси ба вуҷуд омадани сару садоҳои зиёд доир ба ин масъала гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ва дигар ҷиноятҳои дар давраи солҳои 2017-2019 ва 8 моҳи соли 2020 содиршуда оид ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба ҳодисаи дар шаҳри Турсунзода содиршуда шахсони гумонбар дастгир гардида, айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дошта, он таҳти назорати қатъӣ қарор дода шудааст.
Инчунин доир ба ин масъала Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Пас аз гузориши роҳбарон ва шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба онҳо, аз ҷумла ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятиро ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, ахлоқ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, ки дар моддаҳои 138-142 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода, сабабу омилҳои содиршавии чунин ҷиноятҳоро муайян намуда, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудани содиршавии онҳо якҷо бо дигар мақомоти дахлдор тадбирҳои қатъӣ андешанд.
«Зеро содиршавии чунин амалҳои нангин ва барои мардуми мо бегона, ки хусусан нисбат ба хурдсолону ноболиғон бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зеҳнии онҳо содир карда мешавад, номи неки миллат ва ҷомеаи моро доғдор месозад ва ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз зиндагӣ ноумед мегардонад», — таъкид намуданд Раиси Маҷлиси миллӣ .
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарону шахсони масъул дастур доданд, ки вобаста ба пешгирии чунин ҳодисаҳо корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ тақвият бахшида, бо мақсади минбаъд пешгирӣ намудани чунин кирдорҳои нангин меъёрҳои қонунгузорӣ, пеш аз ҳама, моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа такмил дода шаванд ва нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин ҷиноятҳо ҷазои ҷиноятӣ пурзӯр карда шавад.