Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар н.Шуғнони ВМКБ
Дар асоси Амр ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи мамлакат корҳои бунёдкориву ободонӣ равнақи тоза пайдо намуданд. Дар ВМКБдарки мухимияти ин масъала ба корхои созандаги икдом карда, вобаста ба талаботи ахолии махал, иншооти нав бунёд менамоянд. Носир Сураев –раиси чамоати дехоти Вери нохияи Шугнон мегуяд, ахиран дар ин чамоати дурдаст 2 хамоми умуми ва се сартарошхона сохта шуд, ки дар ичрои ин амр аслан сохибкорони махали сахм гузоштаанд. Ба андешаи Фароч Моиншоев –раиси чамоати Навободи нохияи Шугнони Вилояти Бадахшон бошад нисбат ба солхои собик шурави дида, имруз сатхи зиндагии сокинони дехот дар ин минтакаи кухистони мамлакат боло рафта бахри мардум шароитхои арзандаи кору фароѓат фарохам оварда мешавад. То ин замон аз иншоти ба накшагирифташуда дар худуди ин чамоатхои дехоти Бадахшон 15 адад сохта ба истифода дода шуда, дар сохтмонхои дигар корхо бо маром пеш мераванд. Дар хамин раванд раиси чамоати дехоти Сучони нохияи Шугнони Вилояти кухистони Бадахшон Амонбек Мавлоназаров мегуяд дар баробари бунёди иншооти чашнии маъмурию ичтимої корхонахои саноати, дар назди муасисахои таълимии дехахои ин худуд, марказхои инкишофи барвактии кудак, майдончахои варзиши, бунгохзои тибби ва дигар иншооти ичтимоию хизматрасони сохта мавриди истифода карор гирифтаанд, ки дар то андозае мушкилоти сокинонро дар самти таълиму табобат осон намудааст.
Дар баробари ВМКБ имрузхо дар дигар шаҳру деҳоти Тоҷикистон корхои сохтмони дар иншооти чашни ба ифтихори 30 солагии сохибистиклолии кишвар бо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ торафт бештар таквият меёбанд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани объектҳои дорои таъйиноти инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии сокинони мамлакат, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба зебогию ободони ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистони сохибистиклол таъсири ниҳоят бузург мерасонанд.
Масъул: Тоҷиддин Сатторов