Рашт: коргоҳи истеҳсоли макарон ба истифода дода мешавад

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт коргоҳи истеҳсоли макарон  ба истифода дода мешавад. Таҷҳизоти коргоҳи мазкур аз хориҷи мамлакат  ба ноҳияи Рашт ворид шудааст. Иқтидори ин коргоҳи истеҳсолӣ дар як шабонарӯз зиёда аз 3 тонна макарони хушкро ташкил медиҳад. Дар ин бора директори Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Хусрав Сафаров иттилоъ дод.

Коргоҳи мазкур барои таъмини бозорҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт пешбинӣ шуда, дар оянда мувозинати нархи намудҳои гуногуни макаронро дар минтақа нигоҳ медорад. Дар сурати пурра фаъолият намудани коргоҳ барои 6 нафар мутахассис ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.

Коргоҳи истеҳсоли макарон дар ноҳияи Рашт дар асоси банди 335- нақша чорабиниҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин корхона муташакилона идома дорад ва дар  рӯзҳои ҷашни фархунда, он дар вазъияти тантанавӣ ва  бо иштироки меҳмон ба истифода дода мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE