Маҳфили эҷодии Нуруллоҳи Ориф доир шуд
15 июн бо ташаббуси Маҳфили адибони ҷавони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Кохи Суруш” – и шаҳри Душанбе шаби эҷодии шоири маҳбуби кишвар, корманди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нуруллоҳи Ориф баргузор гардид.
Маҳфилро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Нуруллоҳи Ориф ҳамчун шоир ба дӯстдори адаб каломи бадеъ кайҳо боз ошност, чунки ӯ муаллифи беш аз даҳ маҷмӯа аст.
Чорабинӣ бо иштироки дӯстдорони шеъри ноби тоҷик доир гардида, дар он шеърҳои тозаэҷодаш аз ҷониби ҳунармандони маҳбуби кишвар замзама шуд.
Нуруллоҳи Ориф шоир, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 9 январи соли 1961 дар деҳаи Кафтари ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) -и вилояти Хатлон дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Мактаби ибтидоиро дар зодгоҳу миёнаро дар деҳаи Доғистон ба итмом расондааст. Аз хурдӣ ба ҳунари наққошӣ пардохта, дар ин ҷода истеъдоди хубе зоҳир кардааст.
Баъди адои хизмати ҳарбӣ касби ронандагиро омӯхта, солҳои 1986-1989 дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин (Рӯдакии ҳозира) таҳсил ва бо рӯзномаи ноҳиявии «Насими айём» ҳамкорӣ кардааст. Чанди дигар дар зодгоҳаш ба кори таълиму тарбия пардохта, баъдан машғули рассомӣ будааст. Сипас котиби масъули рӯзномаи «Насими Терай» таъйин шудааст.
Шеърҳояш дар маҷаллаҳои гуногун ва маҷмӯаҳои «Ишқи фаришта» (1993), «Рӯъёи сабз» (1996), «Сояи ашк» (1997), «Бӯсаи чашм» (1999), «Шароби оғӯш» (2001), «Намози ишқ» (2006), «Хуршед дар биёбон» (2006), «Нози Наврӯз» (2012), «Пайғоми Офтоб» (2013), «Маскани Хуршед» (2013), «Меҳан, ай Меҳан» ва «Хандаи завқ» ба табъ расидаанд. Соли 2001 дар озмуни Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон шеъри «Ваҳдат – шиори тоҷикон»-аш сазовори мукофот гаштааст.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”