Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид
Имрўз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид, ки дар он 10 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибавӣ ва ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2020 шунида шуд ва хулосаи аудитори ҷамъияти мазкур барои соли 2020 пешниҳод гардид.
Дар маҷлис оид ба зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва ворид намудани тағйирот ба Оинномаи ҷамъият қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ҳамчунин лоиҳаи қарордоди лоти 3 «Сохтмони иншооти соҳили рост»-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» байни фармоишгари сохтмони иншоот — Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пудратчии генералии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз рўи лоти 3 — Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» маъқул дониста шуд.
Дар маҷлис аъзои Шўрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии ҷамъият интихоб гардида, аудитори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои соли 2021 ва подошпулии он тасдиқ карда шуд.