ВМКБ: Ҷаласаи фаврии Ёдгор Файзов дар робита ба вазъи марз бо Афғонистон

Бинобар сабаби ихроҷи қӯшунҳои амрикоӣ аз Афғонистон оид ба вазъи марз ҷаласаи фаврӣ  даъват карда шуд, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти ВМКБ.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбари минтақаи мудофиавӣ — ҳудудии №1 Ёдгор Файзов бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён ҷаласа баргузор намуд. Файзов зикр  кард, ки вазъи хатарнок дар марз бо Афғонистон бонгест барои зарурати ҳифзи суботи дохилӣ.

Вай таъкид намуд, ки «дар сурати эҳтимоли вайрон кардани сарҳади давлатӣ, мо ба ҳифзи  марзи давлатӣ бармехезем ва ба ҳуҷумгарон  посух хоҳем дод».

Тибқи маълумоти дастгоҳи раис, вазъ дар шимоли Афғонистон бениҳоят мураккаб аст: гурӯҳҳои ифротгаро ишғоли аксари ноҳияҳои наздимарзиро идома медиҳанд ва ба инфрасохторҳо зарари калон мерасонанд. Дар ин робита, Ёдгор Файзов таҳкими заминаи моддӣ — техникӣ ва кадриро дар шаҳру ноҳияҳои бо Афғонистон ҳаммарзи ВМКБ вазифаи афзалятнок номид.

Вай даъват кард, ки ҷойҳои муносиб ва озод барои ҷобаҷо кардани гурезагон аз Афғонистон дар ҳолати вуруди онҳо, инчунин захираҳо: сӯзишворӣ, хӯрокворӣ, сару либос ва нақлиёт ҷамъоварӣ карда шаванд.

Роҳбари ВМКБ зарурати мувофиқа кардани нақшаи кор бо аҳолӣ ва расонидани кумак ба марзбононро таъкид кард, инчунин зикр кард, ки ҳамкорӣ байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ ва марзбонон, ҳарчанд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, бояд тақвият дода шавад.

Файзов инчунин аҳамияти баргузории машқҳои муштаракро зикр карда, аз тӯлонӣ будани марзи ВМКБ бо Афғонистонро ёдовар шуд ва зарурати тақвияти мунтазами фаъолияти минтақаҳои мудофиаи ҳудудиро таъкид кард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE