Қадрдонии ровии ТВ “Суғд” аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ровии телевизиони вилоятии Суғд Наврӯза Мамироваро, ки ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар васфи сарварони ҳарду давлат шеър хонда буд, қадрдонӣ кардааст. Дар ин бора 18 июн блогер ва рӯзноманигори тоҷик Озод Мелибоев дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
«Имрўз Наврӯза Мамирова, духтараке, ки 11 июн дар қасри «Арбоб», дар вохӯрии Президентони Тоҷикистону Ўзбекистон бо зиёиёни вилояти Суғд ширкат варзида, суханронӣ карда буд, аз тарафи Ҳукумати Ӯзбекистон қадрдонӣ карда шуда, ба ӯ нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» ва туҳфаи Президенти Ӯзбекистон супорида шуд», — навиштааст Мелибоев.
Нишон ва тӯҳфаҳоро ба Наврӯза Мамирова дар як маросими мутантан, ки дар он муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, адибон, рӯзноманигорон, ректорони мактабҳои олӣ ва пайвандони Наврӯза ҳузур доштанд, сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов супурдааст.
Cарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи барномаи кории худ 11 июн бо зиёиёни ду кишвар дар Қасри фарҳангии «Арбоб» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот оростанд. Дар ин мулоқот Наврӯза Мамирова, муҳаррир ва барандаи телевизиони вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ кард.
Қироати мисраъҳои як шеър бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аҳли толорро ба ваҷд овард ва ҳозирин аз ҷой бархоста, кафкубӣ карданд.
Аз аксҳое, ки мақомоти расмӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонидаанд, дида мешавад, ки баъди анҷоми мулоқот президентҳо ба назди муҳаррир ва барандаи ТВ Суғд омада, ба маҳорати шеърхонияш аҳсану офарин хонданд.
«Шеъри қироатнамудаи Наврӯза Мамирова рӯхияи умумии сафарро ифода намуд», — навишт худи ҳамон рӯз дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook котиби матбуотии Президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов.
Хотиррасон мешаваем, ки субҳи 11 июн муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафари раксмиашон ба Тоҷикистон аз Душанбе ба Хуҷанд рафтанд. Ин аввалин сафари сарвари давлати ҳамсоя ба ин шаҳри бостонӣ дар шимоли Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Мирзиёевроо дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ намуданд.