Содир Жапаров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

28-29 июни соли равон  сафари  расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  медиҳад.

Дар робита ба ин Вазорат аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати иштирок дар пӯшиши иттилоотии чорабиниҳо дар чаҳорчӯби сафари мазкур худро то соати 15:00-и 25 июн дар Раёсати иттилоот ва матбуот сабти ном кунанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE