Дирӯзу имрӯзи Панҷакенти бостон
Шаҳри Панҷакент яке аз шаҳрҳои вилояти Суғд буда, аҳолии он зиёда аз 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Пешаи асосии аҳли заҳмат кишоварзист ва деҳқонон асосан ба боғдорӣ ва сабзавоткориву чорводорӣ машғул мебошанд. Дар ин хусус баъди бахши таърихи шаҳр ва ёдгориҳои он бароятон нақл мекунем.
Лозим ба ёдоварист, ки Панҷакент аз ҷумлаи марказҳои таърихии кишвар аст, ки дорои таъриху фарҳанги қадимааст ва имрӯз ёдгориҳое мавҷуданд, ки аз таърихи қадима доштану маркази фарҳангӣ ва илмӣ будани он шаҳодат медиҳад.
Шаҳри Панҷакент имрӯз яке аз марказоҳи калони санотиву кишоварзии мамлакат ба ҳисоб меравад, махсусан кишоварзӣ аз соҳаи муҳими хоҷагии халқи шаҳр аст. Аҳли заҳмати шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат сол то сол дастовардҳои баланди меҳнатиро соҳиб мешаванд. Махсусан имрӯз кишоварзони шаҳри Панҷакент дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, амнияти озуқаворӣ кушиши зиёд доранд ва ҳамасола истеҳсоли маҷмуи маҷсулоти кишоварзӣ дар ин диёр меафзояд.
Бояд зикр кард,ки шароити иқлимиву табиии шаҳри Панҷакент барои истеҳсоли зироатҳои техникӣ, меваю сабзавот ва маҳсулоти чорво хос аст.Махсусан истеҳсоли пахта, ки қаблан ҳамчун тиллои сафед муарифи мешуд, дар ин диёр мавқеи асоси дорад, агарчӣ вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ майдони кишти пахта ҳоло ҳам кам бошад, ҳанўз он дар маҷмўи маҳсулоти кишоварзии Панҷакент мавқеи муҳимро ишғол мекунад.
Дар асоси амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо, ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ. бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода мешавад».
Самти дигар инаст, ки дар доираи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар тасмим гирифтаанд. Ки корхонаҳои саноатӣ низ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд,то ҳам иқтисодиёт рушд кунаду ҳам аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин бошанд.
Дар шароити навоҳии кӯҳистон рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими таъмини мардум бо шуғл аст, зеро барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, имконият зиёд аст ва ашёи хом низ фаровон мебошад.
Дар воқеъ бонувони дйёри зебоманзари Панҷакент дар ҳунари атласу адрасбофӣ ҳамто надоранд. Ҳар як нақшу нигори болои мато ба худ маъние дорад ва розҳои модарони тоҷикро дар худ иникос мекунад.
Агар ба таърихи атлас нигоҳ кунем, мутаассифона, як замоне ба ин ҳунари мардумӣ кам таваҷҷуҳ шуда, қариб он ба нестӣ рафта буд. Аммо дар замони Истиқлолияти давлатӣ, ки барои эҳё кардан ва ривоҷ додани ҳунарҳои мадумӣ ва анъанаҳои миллӣ шароит фароҳам омад, атлас дигарбора мавриди таваҷҷуҳи ҳунармандон қарор гирифт.
Имрӯз атлас ба мӯд ворид мешавад.Либоси арусӣ,куртаҳои идона, тоқии занона ва умуман даҳо намуди онро ҳунармандон омода кардаву ба ҷаҳониён пешниёд кардаанд.
Имрўз рушди соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна метавонад ба ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат кунад.Инчунин соҳибкорон метавонанд бо ташкили сехҳои хурд ҳунарҳои мардумиро рушд дода мардумро бо шуғл фаро гиранд.
Ба ҳунармандони диёри зебоманзари Панҷакент пеш аз ҳама саломатӣ,умри дароз ва саодати зиндагиро таманно дорем.
Масъулини мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дарёфтед, ки аҳли заҳмати ин диёри зебоманзар бо шукургузорт аз фазои орму осоишта ва ҷонибдорт аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ноил шаванд.
Фирӯз Каримзода
Сармуҳаррири
шабакаи “Садои Душанбе“