Баррасии масъалаи таъсиси шабакаҳои телевизионии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст масъала Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат масъалаҳо Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030, Дар бораи Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024, Дар бораи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда, Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, Дар бораи номивазкунии объектҳои ҷуғрофии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ, Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз”-ро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 ноябри соли 2017 аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи телевизионии нав дар заминаи муаррифии мусиқии миллӣ бо номи телевизиони «Шаҳнавоз» ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳи телевизиони нав Раҳмонзода Абдуҷаббор, собиқ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (айни ҳол Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон), Маҳмадсаид Шоҳиён, собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радио (алҳол директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”), Орумбекзода Шамсиддин, собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумитаи телевизион ва радио ва роҳбарони дигар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Кумитаи телевизион ва радио ширкат варзиданд.
Зикр гардид, ки телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз» дар заминаи «Телевизиони Тоҷикистон» таъсис ёфта, он давоми 24 соат барнома пахш мекунад.