Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ҳайатҳо-иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД -ро ба ҳузур пазируфтанд

1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъмини самаранокии ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои мубрами фаъолияти ҳарбӣ-сиёсии Созмон, аз ҷумла соҳаи мудофиа ва амният, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба ҳайси Раиси феълӣ, мо ба татбиқи пайгиронаи Нақшаи амали тасдиқшуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, инчунин ташаббусҳо ва пешниҳодҳои қаблии ҷаласаи Шӯрои Амнияти Дастҷамъии Созмон, диққати махсус медиҳем.

Зимни мулоқот ҷиҳати мубориза бар зидди фаъолияти харобиовари нерӯҳои террористӣ, оқибатҳои экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, муттаҳид сохтани саъю кӯшиш ва ҳамоҳангсозии наздики амалҳои сохторҳои махсусгардонидашудаи давлатҳо барои муқовимати самарабахш ба ин хатару таҳдидҳо зарур шумурда шуд.

Дар вохӯрӣ ба масъалаи вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар ин замина, Тоҷикистон минбаъд низ кӯшишҳои мақомоти расмии ин кишвар, инчунин ҷомеаи ҷаҳонро оид ба оғози раванди сулҳ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ дар Афғонистон дастгирӣ хоҳад кард.

Дар фарҷоми мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои таъмини амният ва суботи кафолатнок дар минтақаи масъулияти Созмон барору комёбӣ орзу карданд.

Зимни суханронии худ Раиси Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёму дуруди Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро бо орзуву таманниёти нек расонда, масъалаҳои шомили рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Ассамблеяи парлумониро шарҳ доданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE