Душанбе: Мулоқотҳои кории сардори Ситоди муштараки СААД бо роҳбарияти вазорату идораҳои Тоҷикистон

Мулоқотҳои  кории сардори Ситоди муштараки СААД бо роҳбарияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Россия дар Тоҷикистон 7 июл дар Душанбе баргузор шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии Созмон хабар додааст.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо гурӯҳи фавриро бо сардории генерал-полковник Анатолий Сидоров бо вазъи кунунии ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ-стратегӣ дар минтақа, ки ба шиддат гирифтани муқовимат мусаллаҳона дар ҳудуди Афғонистон ва дар минтақаи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон вобаста аст, шинос кард.

Масъалаҳои вобаста ба чораҳои татбиқшаванда ва ба нақша гирифташуда ҷиҳати безарар кардани хавфҳо, чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ муҳокима шуданд. Масоили суръат бахшидан ба чораҳо дар самти омодагии муштараки оперативӣ ва ҷангии идораҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД, инчунин расонидани кумаки ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ баррасӣ гардиданд.

Бо иштироки Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ масъалаҳои ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ бо силоҳ ва техникаи низомӣ, муҳокима карда шуданд.

Дар мулоқоти кории Сардори Ситоди муштараки СААД ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода имконоти вокуниши башардӯстона баррасӣ шуданд. Маҷмӯи чорабиниҳои вобаста ба омодагии пешакӣ ҷиҳати  бакорандозии фаврии неруҳо ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуданд.

Вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бо сафири Фавқулода ва Мухтори Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов муҳокима шуд. Сатҳи баланди масъулиятшиносии шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини омодагии неруҳои марзбонӣ, қувваҳои мусаллаҳ, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вокуниш дар ҳолати минбаъд бад шудани вазъ зикр  карда шуд. Инчунин имкониятҳои истифодаи иқтидори кишварҳои узви СААД баррасӣ шуданд.

Ҳадафи асосии гурӯҳи фаврӣ таҳти роҳбарии генерал-полковник Анатолий Сидоров, сардори Ситоди муштараки СААД мониторинг, таҳлили вазъ дар минтақаи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ва омода кардани пешниҳодҳо барои чораҳои муштарак дар доираии СААД иборат мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE