Душанбе: Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ баргузор гардид
Аз 8 то 12 июли соли 2021 дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.
Рӯзномаи ҷаласаи ШҲМ СҲШ зиёда аз 70 масъалаи марбут ба фаъолияти ҷории Созмонро дар бар гирифт. Ҳамоҳангсозони миллӣ рафти омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (Душанбе, 13-14 июли соли 2021) ва Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сиғаи Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» (Душанбе, 14 июли соли 2021)-ро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи хос ба муҳтавои он чорабиниҳо зоҳир намуданд.
Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти СҲШ-ро анҷом медиҳад. Раёсати Тоҷикистон таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» ҷараён дорад.