Мулоқоти Раҳимзода бо Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ

13 июл   Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рамазон Раҳимзода бо Раиси Кумита оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ ва хориҷаи Шӯрои милии Федералии Аморати Муттаҳидаи Араб, ҳамзамон роҳбари Маркази байналмилалии зиддитеррористии «Ҳедая»  Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ  мулоқот намуд.

Дар ҷараёни  вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкории дуҷониба мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.

Дар мулоқот  Рамазон Раҳимзода ба Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён  намуда, изҳор дошт, ки
ин равобити дуҷониба  аз муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони ҳарду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад.

Дар навбати худ Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ зикр намуд, ки давлати Аморати Муттаҳидаи Араб кӯшиш менамояд, ки  дар тамоми самтҳо  ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар ривоҷ бахшад. «Зеро дӯстии  мардуми Тоҷикистон ва кишвари решаи амиқи таърихӣ дошта, ки  ин муносибот  дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид», — афзуд Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE