Оймуҳаммадзода: Аҳолии 369 деҳаҳои хавфнок бояд ба ҷойи дигар кӯчонида шаванд
Имрӯз бо иштироки доираи васеъи намояндагони ВАО-кишвар, дар бинои Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ, оид ба натиҷаҳои фаъолияти 6 моҳаи аввали соли ҷории ин ниҳод нишасти матбуотӣ доир гардид. Бинои ба иттиллои масъулини ниҳоди мазкур дар ин давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, тибқи дархостҳо дар 369 деҳаҳои манотиқи кишвар тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида, дар натиҷа аҳолии минтақаҳои хавфнокро барои кӯчонидан ба ҷойҳои бехавф тавсия доданд. Тадқиқоте, ки аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ба хотири зиндагии осоиштаи мардум равона гардидааст.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки масъалаҳои ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои металлҳои сиёҳ, асил, ранга ва нодир, ашёи агросаноатӣ, маводи сохтмонӣ, обҳои зеризаминии минералӣ, термалӣ ва нӯшокӣ, инчунин пешбурди корҳои геологияи муҳандисӣ ва геоэкологӣ дар мадди аввали Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030, ки чанде пеш аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардид, гузошта шудааст.
Бино ба зикри Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ аз вазифа ва ҳадафҳои асосии Барномаи мазкур мебошад.
“Қабул гардидани барномаи нав маънии онро дорад, ки барои пешравии кор ва баланд бардоштани масъулият пеши ҳар корманд вазифаҳои нав гузошта шудаанд. Дар Барнома иҷрои корҳо бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология, геофизикӣ, мавзӯӣ ва нигоҳдорӣ ба нақша гирифта шудааст”, – гуфт Оймуҳаммадзода.
Бино ба маълумоти роҳбарияти Саридора, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар асоси вазифаҳои дар пеши соҳа гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология дар давраи солҳои 2012-2020» ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026» тасдиқ шуданд. Ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ», дастурамалҳои соҳавӣ ва якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба рушди соҳаҳои геология ва кӯҳкорӣ ҷиҳати пешрафт ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ шароит фароҳам овард.
Дар нишаст намояндагони ВАО-и мамлакат доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти мақомоти геология савол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Комрони АБДУВАЛӢ,
“Садои Душанбе”