Эълон: Дар саросари мамлакат санҷиши омодабошии ҷангӣ баргузор мешавад
Пагоҳ, дар саросари кишвар санҷиши омодагиии ҷангӣ ҷараён мегирад.
Бино бар ин ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар асоси Нақшаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, рўзи 22 июли соли 2021 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо миқёси бузург санҷиши омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ ташкилу гузаронида мешавад, ки он ҳудуди тамоми минтақаҳои мамлакатро фаро мегирад.