Корҳои фаҳмондадиҳӣ ба хотири пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории сироятии КОВИД-19 дар пойтахт
Тавре муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода иброз дошт, бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавируси нав — «Сovid-19» Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тасдиқ гардидааст, ки дар асоси он масъулин ҳамарӯза байни сокинону меҳмонони пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
«Корҳои фаҳмондадиҳӣ асосан дар бозору мағозаҳо, мактабу донишгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъшавии зиёди одамон бурда мешаванд. Боиси таассуф аст, ки баъзе аз сокинони шаҳр ҳанӯз ҳам оқибати хатарнок доштани ин бемории сироятиро дарк накардаанду нисбат ба саломатии худ ва дигарон бетафовутӣ зоҳир карда, на танҳо масофаи иҷтимоиро риоя намекунанд, балки дар кӯчаву бозор бе ниқоб мегарданд. Дар ҷараёни баргузории аксияи имрӯза ба сокинон маводи антисептикӣ, варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд ва ба онҳо фаҳмонидем, ки пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст»,- афзуд Наргис Шарифзода.
Дар ин чорабинӣ ба аҳолӣ расонида ва хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро нигоҳ доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон мавҷи дуюми бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта шуда, мутахассисони соҳаи тиб сабаби хуруҷи навбатиро дар омилҳои гуногун, аз ҷумла беэътиноии аҳолӣ ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили истифодаи ниқоб ва риояи ҳатмии фосилаи иҷтимоӣ арзёбӣ мекунанд.