БА ПЕШВОЗИ 90-СОЛАГИИ КИНОИ ТОҶИК. «Тоҷикфилм» мукофотҳои соҳавӣ таъсис дод
Ба ифтихори 90-солагии кинои ватанӣ ва 100-солагии коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров бо ибтикори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мукофотҳои соҳавии нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик», Ифтихорнома ва Сипоснома таъсис ва тасдиқ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Мавсуф зикр кард, ки мукофотҳои соҳавии «Аълочии кинематографияи тоҷик», Ифтихорнома ва Сипоснома бо ибтикори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба хотири ҳавасмандгардонию қадрдонии собиқадорон ва кормандони фаъол таъсис дода шудаанд. «16 октябри имсол-дар Рӯзи кинои тоҷик кормандони фаъол ва собиқадорони соҳа бо ин мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд»,-афзуд номбурда.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки ба таҳияи филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва аниматсионӣ машғул мебошад, соли 1930 таъсис ёфтааст. Дар аввал он «Тоҷиккино» ном дошта, аввалин филмҳои банаворгирифтааш, ки таърихи кинои тоҷик аз онҳо шурӯъ шудааст, филмҳои хроникавию мустанад буданд. Таҳияи филмҳои бадеӣ баъд аз соли 1932 оғоз меёбад. «Тоҷикфилм» аз соли 1935 ба истеҳсоли филмҳои овоздор шурӯъ кард.
Солҳои 1938-1961 онро студияи филмҳои бадеии Сталинобод ва аз соли 1961-Киностудияи «Тоҷикфилм» меномиданд. Солҳои 1941-1943 он муваққатан бо студияи кинои Москва «Союздетфилм» муттаҳид карда шуд.
Дар вақтҳои гуногун дар студияи мазкур филмҳои «Боз ҳам шавқовар», «Марги судхӯр», «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш», «Ситорае дар тирашаб», «Нисо», «Асрори оилавӣ», «Субҳи аввали ҷавонӣ», «Маҷлис дар масҷиди кӯҳна» ва ғайра ба навор гирифта шуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ низ санъати филмофарии тоҷик ба марҳилаи нав ворид гардида, истеҳсол ва мазмуну мундариҷаи филмҳо беҳтар гардид. Филмҳои «Қиёми рӯз», «Оинаи беҷило», «Гунҷишки сафед», «Хоби ҳамдуна», «Муаллим» ва ғайраҳо ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалиро соҳиб гардидаанд.
Тавре зикр гардид, 16 октябр ба таъсиси кинои тоҷик 90 сол пур мешавад ва эҷодкорону дӯстдорони санъати кино дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷикро таҷлил хоҳанд кард.
АМИТ «Ховар»
акс аз сомонаи “Спутник”