«Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд
Шоми дирӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба анҷом расиданд. Дар баробари дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар бозиҳои чорякфинал дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам се гол зад. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба нишон расонид. Дар бозии дигар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд. Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад карду бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.
Ҳамин тариқ, даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд.