Оғози Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ

7-8 август дар варзишгоҳҳои мамлакат Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  баргузор мешаванд. Дар ин давр дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо   «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  миёни ҳам бозӣ мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Чанд ҳафта пеш бозиҳои  даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд   баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб   дар сафар бар дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Хуҷанд» дар майдони худ бар дастаи футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истарвшан бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи дастаи «Равшан»-ро Анвар Муродов ва голи дастаи футболи  «Хуҷанд»-ро Абдулмуъмин Забиров ба нишон расониданд.

Се бозии дигари давр бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеьро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Мубинҷон Муъминов ба ҳадаф расонд. Пас аз ин ғалаба дастаи футболи «Эсхата» ба ҷои дуюми ҷадвал баромад.

Дар бозии дигар дастаи футболи  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари дастаи  «Кӯктош» Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-ум ҳисобро кушод. Мизбонон тавассути Иззатулло Рӯзиев ва Амир Меъморӣ ду гол заданд. Бозӣ миёни дастаҳои КМВА – «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бидуни гол (0:0) анҷом ёфт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE