Панҷ: 200 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Ба истиқболи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод, иттилоъ доданд аз Вазорати  рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар ҷараёни сафари корӣ Завқӣ Завқизода бо раванди сохтмони иншоотии ҷашнӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру таҷдиди биною иншоот дар ноҳия шинос гардид. Вазир ҳангоми боздид аз ҷараёни навсозии боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия, корҳои сохтмонӣ дар Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, коллеҷи тиббӣ, бинои истиқоматии панҷошёна, китобхона, биноҳои маъмурӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави таҳсил бо шахсони мутасаддӣ ва сохтмончиён вохӯриҳо анҷом дода, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мавриди зикр аст, ки  дар ноҳияи Панҷ аз 210 иншооти ҷашнии нақшавӣ 200 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 10 иншооти боқимонда корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамзамон корҳои ороишию рангубор ва ободу зебо намудани атрофи биноҳо идома доранд. Бунёди қисми зиёди иншооти мазкур бо ҷалби сокинони маҳал, шахсони саховатпеша, фаъолон ва соҳибкорони ноҳия амалӣ шуда истодааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE