Шуғнон: Маркази саломатии деҳоти Питоб бунёд шуд
24 август дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки раиси ноҳия Ҷумъа Ҷумъазода ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита, инчунин сокинони деҳаи Питоби Ҷамоати деҳоти Сучон ва кормандони соҳаи тандурустӣ Маркази саломатии деҳоти Питоб мавриди истифода қарор гирифт.
Маркази саломатии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобати бемории калонсолон, занону кӯдакон, хизмати момодоягӣ, солимии модару кӯдак, эмкунӣ ва кумаки фаврии тиббӣ иборат аст. Дар баробари бунёди бинои замонавӣ ва фароҳам ссохтани шароити хуби корӣ таъмини дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизмати тиббӣ дар деҳот мусоидат менамояд.
Дар маркази саломатӣ дегхона бо шабакаи гармидиҳии мустақил, иншооти хоҷагидорӣ, анбор ва нуқтаи санитарӣ-гигиенӣ сохта шудаанд, ки инфрасохтори зарурию табобатии муассисаи тиббиро ташкил медиҳанд. Ин муассисаи тиббии замонавӣ баҳри ба меъёрҳо мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолии деҳот бунёд шудааст. Яке аз ҳадафҳои эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла саломатии аҳолӣ дар деҳот мебошад.
Тазаккур бояд дод, ки қаблан дар деҳаи Питоб бунгоҳи саломатӣ амал мекард. Бо афзоиши шумораи аҳолӣ ва бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани хизмати тиббӣ ҳоло маркази саломатии деҳаи Питоб бунёд гардид, ки ба аҳолии деҳа хизмати саривақтии тиббӣ мерасонад.