Истиқболи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин

Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонони олимақом – ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар чорабинии ҷашнии 20-умин солгарди Созмони Ҳамкории Шанхай ба таври маҷозӣ иштирок мекунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE