Сайид Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон омад
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири Радиои «Тоҷикистон».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сайид Иброҳим Раисӣ ва аъзои ҳайати Эронро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ҳамчун сарвари давлати нозир дар СҲШ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок мекунад. Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои нишасти СҲШ дар Душанбе сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ қарор қабул кунанд.
Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари хориҷии Иброҳим Раисӣ пас аз интихоби ӯ ба мақоми Президенти Эрон аст.