Шавкат Мирзиёев ҳам ба Душанбе ташриф овард

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора мухбири Радиои “Тоҷикистон” аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар медиҳад.

Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ баргузор мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE