Оғози сафари кории Сарвари давлат дар ноҳияи Тоҷикобод
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони ноҳия Сарвари давлатро, ки ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи якчанд иншооти муҳим ба ин ноҳияи дурдасти мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳанд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Тоҷикобод ба фаъолияти Маркази хизматрасонии «Тоҷикобод» оғози расмӣ бахшиданд.
Иншоот дар масоҳати 4500 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми он тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, маркази ҳунарҳои мардумӣ ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона барои қабули 40 нафар мавҷуд аст.
Дар ошёнаи сеюми бино маҷлисгоҳ сохта шудааст, ки дар он шароити хуби баргузор намудани мулоқоту нишастҳо муҳайё мебошад.
Дар дохили иншоот намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кандакорӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ, бофандагию ресандагӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Ташкили намоишгоҳи васеи ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи он аст, ки дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати ҳифз ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад ва омӯзиши он ба насли оянда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Маркази хизматрасониро оилаи Идиевҳо ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд намудаанд. Дар марказ 10 нафар сокинони маҳаллӣ, ки аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Намои беруни бино бо тарҳ ва усули меъмории миллӣ оро ёфтааст, ки ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам менамояд. Дар атрофи иншоот дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, тамоми роҳравҳои он пурра сафолакпӯш мебошад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин маркази муосири хизматрасонӣ дар амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда, дар таъмини сокинон бо ҷои кори доимӣ замина мегузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкорон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии диёр миннатдорӣ баён намуданд.