Президенти мамлакат бинои КИ ҲХДТ – ро дар ноҳияи Тоҷикобод ба истифода доданд

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншоот дар масоҳати 300 метри мураббаъ бо тарҳи ҷадид ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.

Бинои нав ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳми аъзои ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод аз утоқҳои кории барҳаво, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра таъмин мебошад.

Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатиро талаб намуда, барои саҳми арзанда гузоштан дар бунёди чунин иншооти замонавӣ ва обод намудани як гӯшаи диёр ба саҳмдорон изҳори сипос карданд.

Намои берунаи бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бо тарҳи хос оро ёфта, дар атрофи он гулу дарахтони орошӣ шинонида шудаанд, ки зебоии маркази ноҳияро афзун менамояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE