Тоҷикистон ва Мавритания муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд
21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Мавритания баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Баёнияи муштаракро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ ва мавританиягиҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исмоил Шайх Аҳмад имзо карданд.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар инчунин аҳамияти рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Мавританияро таъкид карданд.