Муҳлати дипломатии Сафири Чин дар Тоҷикистон ба анҷом расид

21 сентябр мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Фавқулода  ва  Мухтори Ҷумҳурии Мардумии  Чин  Лю Бин бино ба  итмом расидани муҳлати кори мавсуф ҳамчун роҳбари намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду  кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегӣ дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, нақлиёт,  саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ дар ин давра изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми  шоистаи Сафир Лю Бин дар таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ комёбӣ ва  ба  кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE