Бунёди 215 иншооти нав дар ноҳияи Вахш
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Вахш аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 708 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 183 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Вахш иброз доштанд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 338 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ҳоло амалисозии 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳсозии инфрасохтори шабакаҳои барқии ноҳия ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол аз ин ҳисоб 18 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Ҳамчунин дар суханронии Роҳбари давлат зикр шуд, ки дар ноҳияи Вахш барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 342 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 215 иншоот ба маблағи беш аз 45 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Бахтиёр Зоириён
муовини сармуҳаррири
шабакаи “Садои Душанбе”