Фаъолияти 49 корхонаи саноатӣ дар Бохтар
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Бохтари вилояти Хатлон иброз доштанд, ки тӯли чор соли татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2016-2020” дар шаҳр аз 76 лоиҳа 46 лоиҳа ба маблағи 774 миллион сомонӣ, яъне 62 фоиз иҷро гардидааст, ҳол он ки муҳлати амалисозии барнома соли ҷорӣ ба итмом мерасад. Сарвари давлат таҳлили ҳамаҷонибаи ин масъаларо зарур шумурда, таъкид намуданд, ки доир ба ислоҳи вазъ тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.
Ба таъкиди Пешвои миллат, захираву имкониятҳои шаҳри Бохтар дар самти рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, густариш додани сайёҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ хеле зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба таври васеъ ҷалб карда шаванд. Имрӯз дар шаҳри Бохтар 49 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд. Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо ба 210 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2000-ум 120 баробар афзудааст. Дар корхона ва коргоҳҳои саноатии шаҳр беш аз 27 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва 7 номгӯи маҳсулоти содиротӣ истеҳсол шуда истодааст», – илова карданд Роҳбари давлат зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Бохтар.
Зоириён Бахтиёр
“Садои Душанбе”