Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО баргузор мегардад

14 октябр дар Қароргоҳи ЮНЕСКО Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд, иттилоъ дод сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Мирзоолим Саидов ба АМИТ «Ховар».

Дар ин рӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки 80 нафар ҳунармандон доир мешавад. Дар барномаи фарҳангӣ суруду оҳангҳои тоҷикӣ, фаронсавӣ ва италиявӣ, инчунин рақсҳои миллии тоҷикӣ пешниҳод мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 1993 ба узвияти созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пазируфта шуда, худи ҳамон сол Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд. 10 октябри соли 2005 дар қароргоҳи ЮНЕСКО — шаҳри Париж 33-юмин Конфронси Генералии ЮНЕСКО доир шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Дар ҷараёни он Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО бо иштироки васеи намояндагони санъати тоҷик баргузор гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE