Душанбе: Таҷлили бошукуҳи Иди Меҳргон (СУРАТГУЗОРИШ)

Имрӯз кишоварзони мамлакат  дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргонро бо баргузории фестивалҳои намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ таҷлил намуданд.

Иди Меҳргон, фестивалҳои намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ бо ташаббуси  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор  гардида, ба сокинони пойтахт имкон дод, ки бо нархҳои дастрас аз маҳсулоти ба маъразгузоштаи деҳқонони мамлакат харидорӣ намоянд.

Деҳқонони мамлакат аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳаро  пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ  омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ  ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе барои боздид аз намоиши пуршукӯҳи имрӯза гурӯҳ-гурӯҳ ба боғ ворид шуда, аз тамошои неъматҳои пурсахои сарзамини хеш баҳра мебурданд.

Дар намоиши мазкур Вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиëзода, сардори Раëсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти  ДИП ҶТ  Мирзодавлат Сабурзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Сардорони Сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Сулаймон Зиёзода зикр кард, ки Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандаи неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад.

Ҳамчунин дар ин рӯз  кишоварзони мамлакат Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд. Дар ин рӯз шолипарварони мамлакат навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷро барои меҳмонон ва сокинони пойтахт ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Инчунин таомҳои миллии аз биринҷ омодагашта, хони миллӣ, гӯшаи анъанаҳои миллӣ доир гардид.  Дар намоишгоҳ гӯшаи тавсияҳо фаъол гардида буд, ки олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ  ба харидорон доир ба навъҳои биринҷ ва ба хоҷагиҳои кишоварзӣ оид ба парвариши биринҷ тавсияҳо медоданд.

Дар ҷашнгоҳ таваҷҷуҳи сокинон ба асалҳои пешниҳоднамудаи асалпарварон бештар равона гардида буд. Зеро дар баробари пешниҳод гардидани навъҳои асали табиӣ, инчунин тамоми техникаи парвариши асал ва таҷҳизоти истифодагардида ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт асали тозаи табииро бо нархи арзон харидорӣ намуданд. Инчунин аз тавсии олимон низ баҳраманд гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур баҳри болидаруҳии иштирокчиён аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Аксҳо аз муаллиф, хабаргузориҳои “Спутник” ва “Азия +”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE