Меҳргон – ҷашни умумимиллӣ
Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати марди деҳқон, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилғундорӣ мебошад. Дар моҳи меҳр Офтоб дар бурҷи Мизон қарор мегирад, ки то аз ин бурҷ баромадан як моҳ сипарӣ мегардад. Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр, дар таърихи чордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба миёнаи моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад.
Баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Наврўз, Меҳргон, Тиргон ва Сада таваҷҷуҳ намуда, барои эҳёи дубораи онҳобоқароруфармонҳошароит муҳайё сохтаанд. Ҳамин муҳаббат ба миллат ва арзишҳои фарҳангии ниёгон буд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ҷашни Меҳргон умри дубора гирифта, сол то сол бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.
Дар тӯли қарнҳо чун суннати ниёгон баробари расидани фасли тирамоҳ ориёнажодон оинҳоеро ба муносибати ҷамъоварии ҳосили кишту кор ба анҷом мерасонанд. Ҳоло чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон ҳар сол ҷашни Меҳргон дар пайванди Истиқлоли давлатии мамлакат моҳи октябр таҷлил мегардад. Дар тамоми бозорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳот мардум дастовардҳои кишоварзии соли равонро ба намоиш бароварда, гурўҳҳои ҳунарӣ даста – даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд. Дар раванди ин ҷашн дар сайргоҳҳо барои хариду фурўш, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бароварда мешавад. Бо нархи арзон мардум барои зимистони худ аз ин маҳсулот мехаранд. Ҳамчунин, дар ноҳияҳо ва шаҳрҳо намоишҳои махсуси театрӣ ва дар радиою телевизион гуфторҳо ва барномаҳои ҷашнӣ бахшида ба Меҳргон таҳия ва пешниҳод мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухани табрикотӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон, 13 октябри соли 2019 ҷашни Меҳргонро чунин баҳо додаанд:“Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ, мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад”.
Дар ҳақиқат, Меҳргон яке аз ҷашнҳои куҳантарини мардуми ориёинажод буда, гузаштагони мо онро ҳам чун рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат ва ойини меҳрпарастӣ таҷлил менамуданд. Аз ин хотир, Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои миллӣ мақоми махсус касб намуд, чунки ба монанди Наврӯз, Тиргон ва Сада анъана ва оинҳои хосдорад.
Абӯрайҳони Берунӣ дар осори худ ба ҷашни мазкур ишора карда, гуфтааст: “Ин ид барои умуми мардум аст” ва қайд намудааст, ки оғози идро “Меҳргони омма” меномидаанд, ки шаш рӯз давом меёфтааст. Рӯзи охиринро, ки Ромрӯз ном гирифтааст, Меҳргони хосса мегуфтаанд. Аҷдодони мо ҷашни Меҳргонро бо тантана, суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ мегузаронидаанд.
Ҷашни Меҳргон дар қадим, хусусан дар аҳди Сосониён хеле ривоҷ намуда, минбаъд низ бо тағйири шакл ва расму оини давлатдориҳои гуногун дар байни халқ маъруф гаштааст. Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд. Дастархони ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархон шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Шоҳони Сосонӣ дар ҳамин рӯз тоҷеро, ки дар он расми Офтоб буд, бар сар мениҳоданд ва дар ин рӯз ба мардум ҳадя медодаанд. Дар даврони Сосониён анъанае низ роиҷ буд, ки рӯзи Меҳргон дастурхоне аз матои сурх мегустурданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯйида оро медоданд, ки ин нонҳо аз ҳафт намуди зироат омода мешудаанд.
Ҷашни Меҳргон аз қадим то ба ҳол на танҳо хусусиятҳои тамаддуни фарҳангӣ ва сарҷамъӣ дорад, инчунин, ба хотири намоиши маҳсулоти дастранҷи яксолаи кишоварзон таҷлил мегардад. Дар ин баробар кишоварзон бо дастовардҳои ҳамдигар шинос шуда, нисбат ба навъу намунаҳои зироат, ба иқлими минтақаҳо мувофиқ будани он, давраи нашъунамо ва ҳосилнокии зироати пешниҳодшуда маълумот пайдо менамоянд. Ҷиҳати дигари баргузории ин ҷашн имкон медиҳад, ки насли ҷавону ба камол расида, аз маросими ин ид ғизои маънавӣ гирифта, оид ба ин соҳаи пурганҷи бо баракат ва истифодаи дурусти ҳар ваҷаб замини диёр маълумот пайдо кунанд.
Дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ ҷашни Меҳргон дигарбора эҳё гардид ва ба ҷашни миллии мардумӣ табдил ёфт. Дар саросари мамлакат кишоварзон як ҷо бо мардум ин суннати аҷдодӣ-ҷашни Меҳргонро бо шодию нишот ва хушҳолӣ истиқбол ва бо шукрона аз фазои сулҳу суботи Ватан ҳамдигарро бо ин ҷашни бостонӣ табрик менамоянд.
Дар Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон, соли 2019 омадааст: “Донишмандони моро зарур аст, ки расму ойинҳои вобаста ба Меҳргонро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, арзишҳои маънавию иҷтимоии онро бо назардошти воқеъиятҳои замони нав ва шароити соҳибихтёрии давлати тоҷикон васеъ тарғиб намоянд. Итминони комил дорем, ки ҷашни Меҳргон дар роҳи боз ҳам тавсеа пайдо кардани худогоҳиву худшиносии халқамон мусоидат карда, боиси вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиати зебои диёрамон мегардад”.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо саъйю кўшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон аз нав бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш эҳё шуд ва дар радифи беҳтарин маросими миллӣ ҷой гирифт. Он имкон медиҳад, ки мардум бо хушҳолию хушнудӣ ин ҷашнро таҷлил кунанд, аз ҳосили бадастовардаашон дастархони меҳру муҳаббат боз намоянд, ҳамдигарро табрик карда, барои фаровонии дастархон, ободии мамлакат, ваҳдати комил дасти дуо бардоранд ва нишоти Истиқлоли давлатиро бо ҳам бубинанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои мамлакат Меҳргонро мисли Наврўз ва дигар оинҳои миллӣ ҷашн гирифта, бо мероси беназири гузаштагони худ ифтихор намуда, баҳри пешрафти Ватани худ боз ҳам бештар саъю кӯшиш менамоянд.
Абдурозиқ МАРДОНӢ,
бознашр аз ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём”