Пешгӯии борону барф дар ҳафтаи ҷорӣ

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи боду ҳаво то охири ҳафтаи равон дар ҳудуди мамлакат таъғирёбанда шуда, боридани барф дар баландии беш аз 2000 метр аз сатҳи баҳр дар баъзе манотиқи кӯҳсори кишвар дар назар дошта шудааст. Дар натиҷа резиши санг ва фаромадани тарма дар ағбаҳо эҳтимолият дорад.

Давоми рузхои охир вазъи боду ҳаво дар мамлакат ноустувор шуда, боридани борони пуршиддат ва гузариш ба барф дар баъзе манотиқҳои кӯҳсори ҷумҳурӣ дар назар аст. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имшаб баъд аз боридани борон дар баъзе роҳҳои ағбагузари кишвар барф шиддат гирифта, резиши санг ва фаромадани тарма дар назар дошта шудааст, ки ин метавонад ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард монеа эҷод кунад.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз тамоми сокинони мамлакат, хусусан бошандагони ноҳияҳои кӯҳсори ҷумҳурӣ даъват ба амал меорад, ки то хуб шудани вазъи боду ҳаво ба ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво ва сафар кардан ба ноҳияҳои дурдасти ағбагузар худдорӣ намоянд. Дар ҳолати дучор шудан ба вазъияти ногувор ба Кумитаи мазкур муроҷиат намоянд.

Тибқи таҳлили бодуҳавошиносони мамлакат, зимистони соли ҷорӣ нисбат ба қаблӣ хунуктар шуда, омадани фасли сармо барвақтар ба назар мерасад. Таъғйирёбии ҳаво то саннаи 25-уми октябр идома ёфта, баъд аз гузашти ин рӯзҳо боз гармӣ дар назар дошта шудааст.

Комрони Абдувалӣ

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE