Вокуниши Рустами Эмомалӣ ба ҳодисаи шиканҷаи як зан аз ҷониби зани дигар дар Душанбе

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муроҷиати сокини шаҳри Душанбе-Зулфия Алимоваро дар хусуси 25 августи соли 2021 ба духтараш Мадина Мамадҷонова аз ҷониби шаҳрванд Азиза Давлатова бо роҳи шиканҷа расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва дар ҳолати вазнин ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» дар ҳолати беҳушӣ овардани ӯро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Қаблан тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021 нисбат ба он  оғози кори ҷиноятӣ рад карда шудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо инобати дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омадани афкори гуногун доир ба ин ҳолат ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дастур доданд ва зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шуда, тафтиши ҳаматарафа, пурра ва шаффофи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE