Душанбе: Тақдими китоби «Тоҷикон» ба собиқадорони шаҳр

Имрӯз дар чор ноҳияи пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдими китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба собиқадорони шаҳр ҷараён гирифт. Туҳфаи арзишманди Пешвои миллатро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз номи мақомоти шаҳр ба собиқадорон ва пирони рӯзгордидаи пойтахт тақдим намуд, – иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар маросими тақдими туҳфаҳо Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки  иқдоми наҷибу шоистаи Сарвари давлат барои шинохти тоҷикон нақши хосса мегузорад. Китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров аз соли нашр зуд дар доираҳои бонуфузтарини илми ҷаҳонӣ эътироф гашта, ҳамчун асари барҷаставу бунёдӣ дар илми таърих шинохта шудааст.

Зикр шуд, ки дар пайравӣ ба ин асари бузург донишмандони зиёде кӯшиданд, ки китобе оид ба таърихи халқи худ биофаранд ва дар ин замина асарҳои фаровоне ба нашр расиданд, вале «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ягонаву беназир боқӣ монд.

               

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE