Душанбе: ЧО оид ба велосипедронӣ-2022 доир мешавад
Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ-2022 дар шаҳри Душанбе доир мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
«Ҳайати баландпояи Конфедератсияи велосипедронии Осиё таҳти роҳбарии президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Шайх Осама Аҳмад Ал-Шафар 27 ноябр ба Тоҷикистон барои муайян кардани ҷой ва шарту шароити баргузории аввалин Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ сафари корӣ анҷом доданд», — иттилоъ доданд аз КМО Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи баргузор кардани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли равон дар мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама Аҳмад Ал-Шафар мувофиқа шуда буд.
Дар робита ба баргузор кардани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ аз 25 то 28 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе миёни Конфедератсияи велосипедронии Осиё ва Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон шартнома ба имзо расид.
Велосипедронӣ дар шоҳроҳ дар масофаи аз 150 то 240 километр ва велосипедронӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар масофаи 22 километр сурат мегирад. Макони баргузорӣ пас аз хулосаи ҳайати комиссияи техникӣ эълон карда мешавад.
Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Шайх Осама Аҳмад Ал-Шафар ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчунин ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» дидан карданд.