Миҷгона Самадова ғолиби Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс шуд

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт» сазовори медали тилло шуд. 

Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон муҳориба карда, дар даври аввал 7 декабр бар Мишидма Эрденеделай (Муғулистон), дар чорякфинал 8 декабр бар Моника Серафин (Полша), дар нимфинал 9 декабр бар Малика Шаҳидова (Русия) ва дар финал 11 декабр бар Мунгунсаран Балсан (Муғулистон) дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гардид.

Дар мусобиқа 6 варзишгари дигарамон – Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Шамшер Саидов (67кг), Наврӯз Ҷафоев (86кг), Сулаймон Нидоёров (+92кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон дар даврҳои аввал ноком шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE