Истаравшан: Доир ба соҳаи сайёҳии дохилӣ конференсия доир гардид

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан бо иштироки меҳмонони хатсайри сайёҳии «Бунҷикат», ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри муаррифии имконият ва тақвияти сайёҳии дохилӣ ташкил карда шудааст, дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ-омили рушди иқтисодиёти кишвар» конференсия баргузор гардид.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд итьтилоъ доданд, дар конференсия муовини раиси шаҳри Истаравшан Толиб Олимҷонзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов, директори ТҶ «Ассотсиасияи тараққиёти сайёҳии «Зарафшон» Ҷамшед Юсупов, мудири бахши рушди сайёҳии шаҳри Истаравшан Азамат Ҷӯраев ва директори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр Хоҷа Насриддин сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ин соҳа якчанд барномаҳои давлатӣ қабул гардида, мавриди татбиқ қарор доранд. Рушди соҳаи сайёҳии байналмилалӣ барои сайёҳони хориҷӣ ва дар ин замина ташкил намудани инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, фароғатгоҳҳо метавонад барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ заминаи воқеӣ гузорад.

Аҳолии шаҳри Истаравшан сатҳу сифати хизматрасониро ба сайёҳон сол аз сол беҳтар намуда, дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр марказҳои тиҷоратӣ, ошхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои хизмат расонидан ба меҳмонону сайёҳон фаъолияти пурсамар доранд. Таҳлил ва ҳисоботи омории воридшавии сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳр шаҳодат медиҳад, ки вобаста ба хусусияти табиию рекреатсионии кишвар аз ҷониби туристони хориҷӣ афзалият ба навъҳои сайёҳии экологӣ, варзишӣ, кӯҳӣ ва экстремалӣ дода мешавад. Дар ин замина иншооти санаторию курортӣ ва миқдори зиёди минтақаҳои истироҳатии шаҳри Истаравшан барои ташкили истироҳат ва муолиҷаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ заминаи хуб фароҳам меоваранд.

Мавриди зикр аст, ки тадбири мазкур яке аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфияти хоси сайёҳии кишвар арзёбӣ гардида, дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE