Ташрифи Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба Литсей-интернати президентӣ ва мактабе, ки аз ҷониби Русия сохта мешавад

Дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1224 хонанда шинос шуданд.

Муассисаи таълимӣ дар доираи татбиқи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019 оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода» бунёд мегардад.

      

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Валентина Матвиенко тавассути видеоконференсия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии дигар, ки дар доираи ин созишнома бунёд мегарданд, шинос шуданд.

   
Имрӯз ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко ба муассисаи давлатии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Дар муассисаи мазкур айни замон 1880 хонанда таҳсил гирифта, ба онҳо 106 омӯзгори соҳибтаҷриба таълиму тарбия медиҳанд. Аз ҷумла дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи «Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа» дар литсей-интернат 5 омӯзгори русиягӣ ба хонандагон дарс меомӯзанд.

     
Зимни боздид аз Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Валентина Матвиенко бо ҷараёни машғулият дар синфхонаҳои фаннӣ, инчунин шароиту имконияти таълимию илмомӯзӣ шинос шуда, бо як қатор омӯзгорони Федератсияи Русия, ки дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи «Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он фаъолият менамоянд, суҳбат анҷом доданд.

     
Нимаи дуюми имрӯз Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо нишони эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

    
Дар ин маросим муҳтарам Валентина Матвиенкоро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE