Нақши забони тоҷикӣ дар ҷомеаи кунунӣ
Ҳар як давлату миллат забони давлатии худро дорад ва безабони давлатӣ арзи вуҷуд намудани онҳо ғайри имкон аст. Забони тоҷикӣ аз зумраи забонҳои бою ғанӣ ба ҳисоб рафта, тулии ҳазор солаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгари миллати тоҷик аст, ки имрўз , мо-тоҷикон бо доштани шевои зебою рангини забони хеш ифтихор мекунем. Чунончи дар робита ба ин номзади илмҳои филологияи кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ Моҳира Мирзоева гуфт, ки забони ҳар як миллат шиносномаи ҳамон давлат аст. Пас арҷ гузоштан ба ин муқаддасот қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Мусоҳиби дигарамон Меҳроб Ҷумаев номзади илмҳои филология дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ чунин назар дорад, ки забон дар ҷомеаи имрўза нақши ниҳоят баланд дошта, тамоми пешравиҳои соҳаҳои мухталифи он аз забон сарчашма мегирад. Маҳз ба ҳамин хотир бояд ҳар як шахс назди худ мақсад гузорад, то ки эҳтироми забони тоҷикиро ба мисли истилоҳи Истиқлолият, Ватан, Модар ба ҷо гузорад, зеро забони давлатӣ низ яке аз рукнҳои муқадасоти ватандорӣ ба ҳисоб меравад, ки ин қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад
Комрони Абдувалӣ
Садои Душанбе