Омодагӣ ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Турсунзода

Дар ҳавза ва участкаҳои  интихоботии Турсунзода  ҷиҳати дар сатхи баланд баргузор намудани маъракаи  муҳими  сиёсӣ – интихоботи   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  корхои омодаги дар сатњи баланд ба анчом расида, ба бањогузории Камисияи њавзаи дурдастарин учаскахои чамоатхои дехот ба интихоботи дар пешистода њамачониба оммодаанд. Ҳотам Назаров- раиси њавзаи интихоботии Турсунзода ракми 7- оид ба интихоботи ПЧТ  шумораи интихобкунандагон дар њудуди ин шањр ба 170 хазору 652 нафарро ташкил дода, дар пайи мулокоту суњбатњо бо ањоли ва корхои таблиготи мардум ба пураги аз моњияти ин чорабинии сиёси огохи доранд.

Дар худуди шаҳри Турсунзода имруз  беш аз 600 овезаҳо насб гардидаанд, ки онхо аслан дар шоҳроҳо ва макони серчамъият ҷойгир мебошанд. Ҳотам Назаров- раиси ҳавзаи интихоботии Турсунзода ракми 7- мегуяд, дурдастарин учаскахои интихоботии чамоатхои дехот мавриди назари камисияи интихоботи қарор дошта, онхо бо тачхизоти корию варакахои овоздихи ва хабарномахою дигар маводи кори таъмин гардидаанд.

Аз шумораи уммумии интихобкунандагон дар шаҳри Турсунзода 3852 нафар бори аввал дар интихобот ширкат менамоянд, ки 372 нафари он чавони синни 18 сола будаанд. Ба маълумоти масъули ҳавзаи интихоботии Турсунзода ракми 7- оид ба Интихоботи Президенти Тоҷикистон дар баробари овоздиҳандагон барои нозирони байналмилали ва васоити ахбори омма дар ҳавза ва учаскахои интихоботии он шароитхои мусоидро фарохам оварда шуда, гушаҳои махсус созмон дода шудааст.

Мушоҳидаҳо аз рафти корхои омодаги ба Интихоботи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода худ гувоҳи онанд, ки дар баробари ҳавзаву учаскаҳои интихоботӣ дар ин шаҳр сокинон низ ба хотири дар сатҳи баланд баргузор намудани  ин маъракаи сиёсӣ ҳамачониба омодаанд.  Бовар дорем санаи 11 октябр сокинони худогоҳи ин шаҳр ва дар умум Точикистони сохибистиклол аз худ масъулият нишон дода, бо ширкати фаъолони худ дар Интихоботи Президенти Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи кишвари маҳбубамон саҳми арзанда мешгзоранд.

                     Тоҷиддин Сатторзода 

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE