Пешвои маблағгузории хурди Покистон ба Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2022 пешбарӣ шудааст

Доктор Амҷад Соқиб, як хайрхоҳи покистонӣ ва муассиси бузургтарин барномаи маблағгузории хурди бефоиз “Ahuwat” дар ин кишвар барои фаъолиятҳои башардӯстонааш дар мубориза бо фақириву тангдастӣ ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шудааст.

«Хизматҳои ман аз доираи чунин ҷоизаҳо фаротаранд ва онҳо танҳо ба хотири Худост»,- гуфтааст доктор Амҷад ба хабаргузории «Экспресс Трибюн».

Доктор Амҷад гуфтааст, ҳеҷ кас наметавонад аз пеши худ, худро ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ кунад ва дар ин кор зориву тавало вуҷуд надорад. Муҳаммад Амҷад Соқиб як соҳибкори иҷтимоӣ, муассис ва директори иҷроияи бузургтарин созмони маблағгузории хурди исломӣ дар ҷаҳон аст, ки қарзҳои бефоиз пешниҳод мекунад. Ӯ ба миллионҳо оила беш аз 100-млрд қарзи бефоиз пешниҳод кадааст.

Бояд гуфт, ки соли 2022 барои дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобел 343 номзад аз саросари ҷаҳон – 251 нафар ва 92 созмон ба қайд гирифт шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE