Куҳансолтарин зани дунё даргузашт

Дар Ҷопон Кейн Танака, куҳансолтарин сокини сайёра даргузашт. Вай 119-сола буд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии NHK, ин зан ду ҷанги ҷаҳониро паси сар карда, ҳукмронии панҷ императорро дидааст. Танака дар хонаи пиронсолон дар префектураи Фукуокаи Ҷопон зиндагӣ мекард. Ӯ бештар аз ҳама нӯшокиҳои газдор ва шоколадро дӯст медошт.

Танака соли 2019 куҳансолтарин одами рӯи замин эътироф шуд ва бо куҳансолии худ дар китоби рекордҳои Гиннес сабт карда шуд.

Моҳе қабл хабар дода шуда буд, ки собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Самсон Ҳованнисян дар Гурҷистон дар синни 106-солагӣ даргузаштааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE