Дар се моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 5 мактаб ба истифода дода шуд

Дар моҳҳои январ-марти соли 2022 5 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 4330 ҷои нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, дар мактабҳои бунёдшуда шумораи ҷои нишаст дар вилояти Хатлон 1950, дар вилояти Суғд 1540, дар шаҳри Душанбе 720 ва дар ВМКБ 120 ҷойро ташкил медиҳад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои расмӣ, дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ба истифода дода шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE