“Баҳодиҳии устувори шаҳри Душанбе ба офатҳои табиӣ”-ҳамоиш дар пойтахт

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Румӣ”- и шаҳри Душанбе дар мавзуи “ Баҳодиҳии устувории шаҳри Душанбе ба офатҳои табиӣ” ҳамоиш доир гардид. Ба иттилои ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода зимни он коршиносони ватанию хориҷӣ пиромуни коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва дар ин замина кам намудани зарари он ба иқтисоди шаҳр изҳори назар намуданд.  Сулаймон Шамсизода сардори раёсати КҲФ ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе зимни баромадаш аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани паёмади офатҳои табиӣ ва пешгирӣ аз он изҳори назар намуда, баргузории чорабинии мазкурро ҷиҳати коҳиш додани офатҳои табиӣ барои пойтахти мамлакат муҳим арзёбӣ кард. Дар анҷоми ҳамоиш коршиносон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо дар доираи Стратегияи Миллии Чумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ҳамоҳангии тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва байналмилалиро муҳим арзёбӣ карданд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE