Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг ва зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ
16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, мавриди истифода қарор додани иншооти гуногун, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат карда, баҳри пойдории ваҳдату оромӣ, рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саодатмандию сарбаландии миллати тоҷик дуою фотиҳаи нек намуданд.
Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар мавзеи хушбоду ҳаво ва дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, ҳамарӯза ин мавзеъро сайёҳони дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 2 ширкати сайёҳӣ, 15 меҳмонхона, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 60 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фуруши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангиву фароғатӣ мавҷуд аст.
Теъдоди сайёҳон дар нимсолаи якуми соли 2022 15,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои зиёрат ва шиносоӣ бо имкониятҳои ин мавзеи сайёҳӣ боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллиро ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон зарур шуморида, ба масъулин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.